22 Апрел 2025 - 20:29
Source: ABNA
Русия: Муҳиммоти захирашуда дар минтақаи "Владимир" мунфаҷир шуд

Вазорати дифои Русия эълон кард, ки дар натиҷаи вуқӯъи оташсӯзӣ дар ҳудуди як воҳиди низомӣ дар минтақаи "Владимир", муҳиммоти захирашуда дар он мунфаҷир шуд.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз хабаргузории РИА Новости, Вазорати дифои Русия имрӯз сешанбе дар баёнияе аз вуқӯъи инфиҷор дар минтақаи "Владимир" воқеъ дар ин кишвар хабар дод.

Дар баёнияи содиршуда аз сӯи Вазорати дифои Русия дар ин хусус омадааст: Дар натиҷаи вуқӯъи оташсӯзӣ дар ҳудуди як воҳиди низомӣ дар минтақаи Владимир, муҳиммоти захирашуда дар як анбор мунфаҷир шуд.

Вазорати дифои Русия дар ин иртибот илова кард: Бар асоси иттилооти ибтидоӣ, ин оташсӯзӣ талафоте дар пай надоштааст ва сабаби вуқӯъи он набуди риояи талаботи бехатарӣ будааст.

Хабаргузории Раша Тудей пештар аз вуқӯъи инфиҷори шадиде дар минтақаи "Киржач" дар устони Владимир Русия хабар дода буд.

Сокинони минтақаи Владимир видеоҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карданд, ки инфиҷорҳои минтақаи Киржачро нишон медоданд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha